Аёдати Раҳимзода аз корманди маҷруҳшудаи “ОМОН” дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба муносибати 10-уми ноябр-рӯзи таъсисёбии милисаи тоҷик ба аёдати беморон ба беморхонаи Раёсати тиббии ВКД рафтааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода аз ҷумла бо корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН), капитан Дилшод Зокиров, ки дар амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим моҳи сентябри соли равон маҷруҳ шуда буд, ҳамсӯҳбат гардид: “Вазир Зокировро бо Иди касбии кормандони милитсия табрик намуда, ба ӯ аз номи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаи арзишнок тақдим кард”.
Манбаъ мегӯяд, инчунин бо фармони Раҳимзода ба падари Дилшод Зокиров - Зокиров Муродалӣ, ки худ собиқадори милитсия мебошад, медали ҷашнии «Милитсияи Тоҷикистон» супорида шуд.
Дар охир Рамазон Раҳимзода ба беморон шифои комил хоста, таъкид намудааст, ки вазъи саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор дорад ва беморон ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.