Убайдуллоев додани замин ва иҷозаи сохтмонро мавқуф гузошт: Нархи хона боло меравад?
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ҷудо намудани қитъаҳои замин ва иҷозати сохтмони иншооти истиқоматию ғайриистиқоматиро дар пойтахт мавқуф гузоштааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе аз 12 ноябри соли равон мавқуф гузошта мешавад.
Убайдуллоев дар қарораш сабаби ин иқдомро таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншооти инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ кардааст.
Ӯ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо вазифадор кардааст, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тибқи тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод созад: “Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хулосаҳои асосноки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»,Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», Корхонаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдорро оид ба масъалаи батанзимдарории нақшаҳои муфассали банақшагирӣ дастрас намуда, санадҳои пешниҳодшавандаро бо инобати ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда, барои тасҳеҳи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва тартиби амалигардии минбаъдаи он, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд”.
Қарори Убайдуллоев дар бораи мавқуф гузоштани ироаи замин ва иҷозати сохтмон дар пойтахт дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон агар ин иқдом тӯл кашад, метавонад боиси болоравии нархи хонаҳо дар Душанбе шавад. Ба гуфтаи бархе коршиносон нархи хонаҳо дар пойтахт дар пайи таъсири буҳрони иқтисодӣ поён рафтааст, аммо агар сохтмонҳои нав қатъ шавад, нархҳо метавонанд боз боло раванд, чун тибқи талаботи бозор агар пешниҳоди мол кам шавад, нархаш боло хоҳад рафт.