Рухсатии 3-юми Отамбоев ва кори беистироҳати Э.Раҳмон
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, имрӯз, 10-уми ноябр бори сеюм дар соли 2015 ба рухсатии кӯтоҳмуддат рафтааст.
Дар ин бора шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон иттилоъ дода, афзудааст, ки Отамбоев ин рухсатиро бо аҳли хонаводааш ва муддате аз онро барои табобат дар Чин мегузаронад.
Отамбоев инчунин моҳи феврал ва июни соли равон ба рухсатии кӯтоҳмуддат баромада буд. Рухсатии 3-юми раҳбари кишвари ҳамсоя дар ҳолест, ки аз истироҳати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол иттилое нашр нашудааст.
Қаблан Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон тайи 7-8 соли охир ба рухсатӣ нарафтааст. "Озодагон” моҳи августи соли гузашта, зимни як назарпурсӣ аз Абдуфаттоҳ Шарифзода пурсид, ки рухсатии меҳнатияшро чӣ гуна ва дар куҷо гузарондааст? Шарифзода посух дод, ба далели он ки Эмомалӣ Раҳмон тайи бештар аз ҳашт соли охир ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст, онҳо низ истироҳат надоранд: “Ёд надорам, ки тӯли 7-8 соли охир ба истироҳат баромада бошам. Зеро чун салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон асту Ҷаноби олӣ ба рухсатии меҳнатӣ ва истироҳат намераванд, мо ҳам чунин имконро надорем”.