Вазорати дифоъ: Ҳукумати Душанбе рост мегӯяд
Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш ба хабари «Даъвати наваскарон: Ҳукумати Душанбе рост мегӯяд ё Вазорати дифоъ» изҳор доштааст, ки воқеан нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар пойтахт 3 ноябр пурра иҷро гардид.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод оморе, ки Вазорати дифоъ рӯзи 9-уми ноябр ба “Озодагон” дод, натиҷаҳои даъват то 2 ноябри соли равонро фаро мегирад: “Ба он маънӣ, ки иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 2 ноябри соли равон 97 фоизро ташкил дода бошад, 3 ноябри соли 2015 дар маҷмуъ он 100% пурра ба анҷом расидааст. Вобаста ба ин Вазорат тақозо менамояд, ки баҳри таҳриф нагардидани воқеият раддияи мазкур оҷилан интишор карда шавад”.
Вазорати дифоъ 9 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар шаҳри Душанбе - ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ нақшаро пурра ба анҷом расонида, дар маҷмуъ дар пойтахт иҷрои нақша ба 97 фоиз баробар мебошад. Ин ниҳод имрӯз, 10 ноябр шарҳ дод, ки омори мазкур то 2 ноябрро фаро мегирад.