Хайруллоев паёми шодбошии Президентро ба милисаҳо расонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми ноябр кормандони милисаро бо рӯзи касбияшон шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ паёми шодбошии раисҷумҳурро ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масоили амниятӣ ҳангоми ҷамъомади тантанавӣ дар Кохи Ваҳдат қироат намуд.
Раисиҷумҳур аз саҳми кормандони мақомоти умури дохилӣ дар таҳкими амният ва ҳифзи сохти конститутсионӣ зикр карда, афзудааст, ки шароити печидаи ҷаҳони муосир аз кормандони умури дохилӣ ва дигар мақомот тақозо мекунад, ки ҳушёрии сиёсию ҳарбиро аз даст надиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти хатарҳои нав ва ба хотири таҳқими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияту оромии ҷомеа таваҷҷуҳу ғамхориро нисбати кормандони милиса густариш хоҳад дод.