Дарвозабони асосии Тоҷикистон маҷруҳ шудааст
Алишер Туйчиев, дарвозабони асосии тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо дастаи мунтахаби футболи Бангладеш иштирок нахоҳад кард.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Туйчиев ҳангоми тамрин ҷароҳат бардошт ва дар бозӣ бо Бангладеш ӯро Эмомалӣ Сониев намояндаи тими “Барқи тоҷик” иваз хоҳад кард.
Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Бангладеш рӯзи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 баргузор мегардад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар сабқат бо Бангладеш бозигарони зерин ворид шудаанд:
Дарвозабонҳо: Алишер Додов, Эмомалӣ Сониев, Қурбоналӣ Бобоев;
Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров, Ҳасан Рустамов, Соҳиб Ҳакимов;
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов;
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов.