Боздошти тоҷикон барои талоши пайвастан ба ДИИШ дар Туркия
Мақомоти Туркия дар ноҳияи Сайҳани музофоти Адана 38 шаҳрванди хориҷиро боздошт намудаанд, ки талоши пайвастан ба созмони террористии “Давлати исломӣ” доштаанд.
Тибқи иттилои хабаргузории туркии “Анадолу” миёни боздоштшудагон, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд: “Дар маҷмуъ 14 нафар аз Озарбойҷон, 7 аз Индонезия, 5 аз Ироқ, 5 аз Қирғизистон, 2 нафар аз Тоҷикистон, 3 нафар аз Эрон ва 2 нафар аз Афғонистон боздошт шуданд, ки миёнашон 15 кӯдак ва 10 нафар зан мебошанд”.
Манбаъ мегӯяд, феълан боздоштшудагон дар раёсати муҳоҷират қарор дошта, онҳоро ихроҷ аз Туркия интизор аст.