Мулоқоти Э.Раҳмон бо мансабдори навтаъини Бонки ҷаҳонӣ: Аз 250 млн $ грант то CASA-1000
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 9 ноябр дар мулоқот бо Сирил Мюллер, ноиби навтаъини президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат Сирил Мюллерро барои ба вазифаи пурмасъулият - ноиби Президенти бонк таъин шуданаш, табрик намуда, афзудааст: “Мо ба фаъолияти Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, зеро дастгирии онро дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок эҳсос менамоем”.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 250 миллион доллари амрикоиро, асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт: “Таҳияи лоиҳаҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои барқарорсозӣ ва соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистон зарур шумурда шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 аз мавзӯҳои дигари ин мулоқот будаанд.
Сирил Мюллер дар навбати худ изҳор доштааст, ки «мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ ба вуҷуд омад хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад».