Пас аз анҷоми ин сабқат тими "Равшан"-и Кӯлоб бо 68 имтиёз аз 30 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи "Регар" бо 67 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. "Истиқлол"-и Душанбе, ки ҳамагӣ 22 бозӣ кардааст, бо 58 имтиёз дар зинаи сеюм мебошад. Нишонзанҳои беҳтарин бошанд, Фозил Сатторов аз тими "Равшан" бо 18 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов аз дастаи ССКА "Помир" ва Габриэл Донто аз дастаи "Энергетик" бо 17-голӣ дар зинаи сеюм, Юсуф Рабиев аз тими "Истиқлол" ва Пирмурод Бурҳонов аз дастаи "Хайр" бо 16-голӣ мақоми сеюмро касб кардаанд.
Гуфта мешавад, даври 35-уми мусобиқа рӯзи 25-уми октябр байни дастаҳои
"Вахш"-"Хуҷанд" ва рӯзи 26-уми октябр бозӣ миёни дастаҳои "Равшан" ва "Парвоз" сурат мегирад. Бозиҳои дастаҳои "Хайр"- "Энергетик", ССКА"Помир - "Регар" ва "Гвардия" - "Истиқлол" ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.{jathumbnail off}