Маоши миёнаи кормандони кироя дар Тоҷикистон моҳи август ба 415 сомонӣ баробар шудааст, ки дар муқоиса бо як моҳи пештар 4,9 фоиз камтар аст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар маҷмӯъ, масъулини ин агентӣ таъкид мекунанд, ки ҳаҷми даромади аҳолии кишвар таи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин нишондоди соли гузашта 21 фойиз афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи манбаъ, даромади пулии мардуми кишвар таи моҳҳои январ – августи соли равон зиёда аз 10 миллиард сомониро ташкил додаст.
Сарчашмаи хабар ҳаҷми хароҷот ва захираи пулии аҳолиро ҳам дар ин муддат ҳудуди 10 миллиард сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки аз ин тайи 8 моҳ 58,5 фоизаш барои харидории молу хизматрасониҳо ва 30 фойизаш барои пардохтҳои ҳатмӣ сарф шудааст. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳамоно 80 сомониро ташкил дода, маошҳои аз ҳама баланд дар ҳудуди 2 ҳазору 500 сомонӣ қарор гирифтаанд.{jathumbnail off}