FIFA дар футболи тоҷик тайи октябр тағйироте надидааст
Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар раддабандии нави худ барои моҳи октябр мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар ҷойи 160-ум қарор додааст.
Тибқи раддабандии FIFA, ки имрӯз, 5 ноябр нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 155 имтиёз мавқеашро тағйир надода, мисли моҳи қаблӣ дар ҷойи 160-ум қарор гирифтааст.
Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 буд. Дар раддабандии нав кишварҳои минтақа то 10-15 зина нисбати моҳи қаблӣ боло рафта, Узбакистон дар мақоми 71-ум пештоз мебошад. Қазоқистон дар ҷои 131, Туркманистон – 121 ва Қирғизистон дар зинаи 124-ум қарор гирифтааст.
Дар садри рейтинг тими миллии Белгия қарор дорад. Дар ҷойи ду Олмон ва мақоми сеюмро Аргентина соҳиб шудааст. Португалия, Чили, Испания, Колумбия, Бразилия, Англия ва Австрия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд. Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.