Таҳдид: Агар пул надиҳӣ, навори маҳрамонаамонро паҳн мекунам
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 20-сола, сокини шаҳри Исфара иттилоъ дод, ки дар тамаъҷӯйӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод боздоштшуда дар шаҳри Хуҷанд муддати муайян бо ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муносибати маҳрамона доштааст: “Аз моҳи августи соли 2014 то моҳи октябри соли 2015, барои паҳн накардани сабти наворҳои алоқаи ҷинсиашон бо роҳи тамаъҷӯйӣ аз собиқ маъшуқаш 1000-доллари амрикоиро талаб карда, гирифтааст”.
ВУД мегӯяд нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.