Худкушии падари 3 фарзанд дар Суғд
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз аз як ҳодисаи худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон хабар доданд, ки 3-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки рўзи 3-уми ноябри соли равон ҷасади марди 43-сола, падари 3 фарзандро наздикон аз манзили истиқоматиаш пайдо намудаанд, ки тариқи худовезӣ ҷон додааст.
Манбаъ мегўяд, феълан сабаби ин қазияро мақомоти дахлдор таҳқиқ доранд. Қаблан мақомот иттилоъ дода буданд, ки танҳо дар ду моҳ – август ва сентябри соли равон наздик ба 40 нафар дар вилояти Суғд даст ба худкушӣ задаанд.