ВИДЕО: Суқути ҳавопаймои Тоҷикистон дар Судон даҳҳо кушта барҷой гузошт
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳавопаймои боркаши Ан-12, ки дар минтақаи Ҷубаи Судони ҷанубӣ суқут кард, ба ширкати тоҷикистонии “Asia Airways” тааллуқ дорад.
Манобеи “Озодагон” дар ин ниҳод бо тасдиқи ин хабар изҳор доштанд, ки феълан масъулин ба таҳқиқи ин қазия машғул мебошанд ва ҷузъиёти он баъдан ироа хоҳад шуд. Феълан танҳо маълум аст, ки ҳавопаймо барои истифода дар ихтиёри як ширкати сабтшуда дар Имороти муттаҳидаи араб қарор доштааст.
Тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳон ҳавопаймои Ан-12, имрӯз, 4 ноябр, 800 метр дуртар аз хатти парвоз суқут кардааст, ки дар натиҷа 5 сарнишини шаҳрванди Арманистон, як халабон аз Русия ва даҳҳо мусофир ҷон дода, ду нафари дигар ҷон ба саломат бурдаанд. Гуфта мешавад, ҳавопаймо болои моҳигирону сокинони маҳаллӣ сарозер шудааст, ки дар канори Нили Сафед машғули кор будаанд. Дар маҷмуъ теъдоди қурбониён ҳудуди 40 нафар арзёбӣ мешавад.