Нимсара - дарди қадимӣ
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Инсоният бо дарди нимсара (мигрен) ҳанӯз аз замонҳои қадим ошно гардидааст. Аввалин тавсифи илмии дарди нимсара, ба табиби юнонӣ Артерий Капподикий тааллуқ дорад. Ибни Сино низ дар "Қонуни тибб"-и худ дар мавриди ин беморӣ маълумоти муфассал медиҳад. Дарди нимсара аз сардарди оддӣ тафовут дорад. Одами комилан солим ногаҳон гирифтори дарди сар мегардад, ки шиддатнокии он якбора боло рафата, мисли бо болға кубидан ба сарро мемонад. Дарди нимсара мушкили бисёр паҳнгардида ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ ин дард дар 10% одамон дида мешавад. Хурӯҷи дарди нимсара дар бештари беморон як ё ду маротиба дар ҳафта ба вуқӯ мепайвандад. Дарди нимсара бемории музмини неврологӣ буда, нишонаи хосаи он паҳн гаштани дард дар як нимаи сар ба шумор меравад. Дард ҳангоми нимсара метавонад ҷоғи болоӣ, чашм ва гарданро низ фаро гирад. Дар бисёр маврид ҳангоми хурӯҷи дарди нимсара инсон дилбеҳузурӣ ва вазнини дар меъдаро ҳис намуда, ба ҳолати қайкунӣ гирифтор мегардад.
Сабабҳои пайдоиши бемории нимсара низ гуногунанд.
Мутахассисон чанд фарзияро номбар мекунанд, ки сабаби пайдо шудани дарди нимсара ба шумор мераванд. Аз ҷумла бад гардидани таъмини хун дар мағзи сар, васеъгардии нобаробари рагҳои мағзи сар, хароб гардидани шӯъбаи марказии системаи асаб, баланд ё паст шудани фишори артериалӣ ва халалҳои марбут ба мубодилаи серотонин дар мағзи сар. Танҳо дар миёнаҳои солҳо 90-уми қарни ХХ-ум маълум гардид, ки дарди нимсара бемории ирсӣ мебошад ва аз падару модар ба фарзанд мегузарад. Дарди нимсара метавонад азияти зиёде ба инсон расонад. Сифати зиндагии гирифторони ин беморӣ ба маротиб паст мегардад. Агар ба бемори гирифтор ба дарди нимсара сари вақт кумак расонида нашавад, хурӯҷи дард метавонад як шабонарӯз ва ҳатто зиёдар идома ёбад. Хурӯҷи дарди нимсара инсонро водор мекунад аз ҳамаи кору бораш даст кашида, ҷои хилватеро ихтиёр кунад. Чун рӯшноӣ, садо, соддатарин кори ҷисмонӣ ва фикрӣ ба хуруҷи дарди нимсара шиддати бештар мебахшад.
Аммо бо вуҷуди ин дарди нимсара метавнад пешгирӣ шавад. Барои ин танҳо муроҷати саривақтӣ ба мутахассис лозим аст. Ба гуфтаи мутахассисиси шӯъбаи асабшиносии Бемористони Ибни Сино доктор Ғуломов Шарифҷон тибби имрӯз қодир аст бо муваффақият хуруҷи дарди нимсараро бартараф намояд. Мутаасифона мегӯяд доктор бештари одамони гирифтор ба ин беморӣ ба худтабобати машғул гардида, аз доруҳои гуногун истифода мекунанд. Тибқи омори , танҳо як шашуми беморони гирифтор ба дарди нимсара бо ин мушкилот ба табиб мероҷиат мекунанд. Аммо ба гуфтаи доктор Ғуломов ин тарзи амалкард бемории нимсараро ба бемории музмин табдил медиҳад ва истеъмоли зиёди доруҳои аналгетикӣ низ аворизи нохуши зиёдеро метавонад ба бор орад. Инчунин агар дарди нимсара табобат нашавад, он гоҳ дар ҳуҷайраҳои системаи марказии асаб дигаргуниҳо ба амал меоянд, ки оҳиста-оҳиста ҷамъ гардида, ҳуҷайраҳои дардовар мутақилона дардро таҳрик мебахшанд. Ва ин дар навбати худ дарди нимсараро аз дарди номунтазам (гоҳ гоҳ ба вуқӯ пайваста) ба дарди доимӣ (музмин) табдил медиҳад. Бинобар ин дарди нимсараро ҳар чи тезтар ва дар назди мутахасиси соҳа бояд табобат намуд.
Дар бахши асабшиносии Бемористони Ибни Сино бо истифода аз усулҳои навтарини илми тибб бемориҳои гуногуни системаи асаби инсон, аз ҷумла нимсараро бо муваффақият табобат мекунанд. Бахши асабшиносии бемористон бо таҷҳизоти лозимаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахасисони варзида фаъолият мекунанд. Бо мақсади дастрасии бештари мардум ба хизматрасониҳои тибби муосир, бемористон бо ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" ҳамкории судманде ба роҳ мондааст. Истифода аз барномаҳои ин ташкилот хароҷоти Шуморо ба маротиб кам мекунад. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, бо нархҳои дастрас аз хизматрасониҳои муосири тиббӣ баҳраманд гардед.