Депутатҳои тоҷик таъмиру сохтмонҳои пурғалоғулаи шабонаро манъ карданд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 4 ноябр бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ истифодаи шабонаи асбобҳои садобарори таъмирию сохтмониро манъ карданд.
Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бо пешрафти ҷомеа ва ба вуҷуд омадани имкониятҳои моддӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохтмони биноҳо ва таъмир зиёд шуда истодааст ва тағйироти мазкур пешбинӣ намудааст, ки аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ истифодаи таҷҳизоти садобарори таъмирию сохтмонӣ, ки оромиро халалдор мекунанд, манъ мебошад.
Сафаров афзуд, афроде, ки шабона таҷҳизоти садобарорро дар сохтмонҳо ва ҳангоми таъмир истифода мебаранду боиси халалдор шудани оромии шаҳрвандон мегарданд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт.
Ба гуфтаи Сафаров ташаббускори ин навгонӣ дар қонунгузории кишвар вакили Маҷлиси намояндагон Иброҳим Абдуллозода буда, он ба моддаи 462-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ-халалдор кардани оромӣ марбут мебошад.