Вокуниши парлумони Тоҷикистон ва Ходорковский ба марги Умаралӣ
Михаил Ходорковский, собиқ миллиардери рус ва яке аз мухолифонии феълии ҳукумати Русия дар бораи марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5 моҳаи тоҷик изҳор назар карда, таъкид намудааст, ки то ҳол ягон масъули мақомот муҷозот нашудааст.
Ходорковский 3 ноябр дар сафҳаи фейсбукияш изҳор доштааст, Вазорати умури дохилии Русия дар пайи санҷиш муайян кардааст, ки маъмурини пулис дар марги Умаралӣ даст надоранд. Ӯ дар пайи зикри қазия илова намудааст, “дар ин робита шахсан ба Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия суол дорам, ки оё барои ин амали кормандонаш шарм намедорад?”
Дахли яке аз мухолифони маъруфи Путин ба қазияи марги Умаралӣ дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон низ имрӯз, 4 ноябр бо гузашти 21 рӯз вокунишашро ба марги Умаралӣ баён дошт. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон изҳор доштааст, ки аз рӯзҳои аввал ин фоҷеаро пайгирӣ доштанд ва дар ин робиата бо ҳамтоёнашон дар Думаи давлатию сохтори интизомии Русия дар тамос шуда, хостори таҳқиқи холисона шуданд. Зуҳуров афзуд, ки аз номи парлумон ҳамдардии худро ба падари модари кӯдаки марҳум баён медорад: “Мо натиҷаи тафтишотро интизор мешавем, зеро танҳо тафтишот муайян карда метавонад, ки ин ҳодиса чӣ тавр ба вуқуъ пайвастааст”.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар мулоқот бо Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия дар баробари масоили дигар марги Умаралӣ Назаровро дар Санкт Петербург ба миён гузошт: “Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”, - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Ҳукумати Русия изҳор дошт, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.
Марги мармузи Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеа вокуниши шадид ба вуҷуд овард.