Нигаронии Русия аз таҷаммӯи ҷангиён дар марзи Тоҷикистон
Анатолий Антонов, ноиби вазири дифои Русия аз таҷаммӯи ҷангиёни “Давлати Исломӣ” дар шимоли Афғонистон-наздикии марзи Тоҷикистону Туркманистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ӯ ин нуктаро дар ҳошияи ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ изҳор доштааст: “Аз 34 музофоти Афғонистон “Давлати исломӣ” аллакай ба 25 музофот роҳ ёфтааст. Махсус моро таҷаммӯи ҷангиён дар шимол, дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Тукрманистон нигарон кардааст”.
Нигаронии Русия дар ҳолест, ки ахиран тақвияти ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев қарор дошт.