Роҳандозии санҷиш барои адвокатҳо: Вазири адлия гуфт, норозиҳо ба суд раванд...(навшуда)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 4 ноябр тағйиру иловаҳои баҳсбарангезро ба қонун дар бораи адвокатҳо қабул кард, ки тибқи он вакилони дифоъ пеш аз оғози фаъолият аз санҷиши Комиссияи махсуси Вазорати адлия мегузаранд.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, коммиссияи санҷиши адвокатҳо аз мутахассисони вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳо иборат хоҳад буд: “Адвокатҳо дар 5 сол 1 бор аз аттестатсия гузаронда мешаванд ва тартиби аттестатсияро худи адвокатҳо муайян мекунанд”.
Вазири адлия ҳадафи ин навгониро беҳтар кардани хизматрасонии адвокатҳо гуфта, илова намуд, афроде, ки забони давлатиро намедонанд, доғи судӣ доранд ва аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромадаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат кор кунанд: “Инчунин онҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура кор кардаанду савганди касбиро вайрон кардаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат фаъолият кунанд”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба вазири адлия аз шикояти Иттиҳоди адвокатҳо зикр кард, ки қаблан ба парлумон муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки ин қонун ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад: “Гап дар бораи як сархате, ки Шумо дар ин ҷо гуфтед, меравад. Агар корманди мақомоти судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон намудани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионӣ аз вазифа озод шуда бошанд, онҳо адвокат кор карда наметавонанд. Масъалаи вайрон кардани савганди касбӣ чиро дар бар мегирад? Масалан фарз кардем одам низоми меҳнатро вайрон мекунад ё ба кор ҳозир намешавад ҳамин ҳам аст ё не? Чизҳои оддиро онҳо дар он ҷо номбар кардаанд, ки агар барои онҳо одам аз кор озод шавад, махсусан шахсоне, ки дар ин мақомот кор мекунанд, таҷриба доранд ва дигар фаъолият карда наметавонанд, ин албатта нодурст аст. Ҳамин масъаларо шарҳ диҳед, ки баъд ягон проблема нашавад?”.
Рустами Шоҳмурод посух дод, ки фикр намекунад, қонуни мазкур ҳуқуқи адвокатҳоро поймол месозад ва илова кард, ки мансабҳое ки дар ин ҷо номбар шудаанд, онҳо пеш аз шурӯи кор савганад ёд мекунанд ва яке аз нуқтаҳои савганд ин риояи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон мебошад: ”Он мисолҳое, ки адвокатҳо дар мактуб гуфтаанд ва шумо ҳоло онро гуфтед, дар бораи вайрон кардани қойдаҳои меҳнатӣ, ин раванди худашро дорад ва тибқи қоннугузории меҳнатӣ баррасӣ карда мешавад. Дар амалия мо қарорҳо нисбати судяҳо, кормандони прокуратура аст, ки ҳангоми баррасӣ қонунгузории Тоҷикистонро вайрон мекунанд, лекин кирдори онҳо ба кирдори ҷиноятӣ шомил намешавад. Аммо худи ҳуқуқшиканӣ, қонуншиканӣ муайян карда мешавад ва дар санадҳои аз кор озод кардани онҳо ба тарзи равшану возеҳ нишон дода мешаванд. Бо вуҷуди ин шахсе, ки бо чунин навиштаҷот розӣ набошад, тибқи қонунгузории амалкунанда метавонад ба суд муроҷиат карда ин навиштаҷотро ислоҳ намояд. Сухан дар бораи масъулияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура меравад, шахсе, ки савганди касбӣ ёд мекунад, бояд масъулиятро эҳсос намояд”.