Раҳимзода: Бе санҷишҳои ғайринақшавӣ намешавад...
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 4 ноябр дар пайи баррасии дубора қонун дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро, ки ба коҳиши теъдоди санҷишҳою санҷишкунандаҳо равона шудааст, қабул кард.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, камбуду ихтилофҳое, ки дар ҷаласаи гузашта дар лоиҳа дарёфт гардиданд, феълан бартараф шуданд.
Раҳимзода дар мавриди санҷишҳои ғайринақшавии корхонаҳо изҳор дошт, ки дар қонуни нав теъдодашон то 10 фоиз муайян шудааст. Ӯ афзуд, бе санҷишҳои ғайринақшавӣ намешавад ва таъкид намуд, ки чунин санҷишҳо вобаста ба хавфи нақзи қонун дар корхонаҳо гузаронда хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода тибқи қонуни нав санҷиш дар корхонаҳое, ки хавфи нақзи қонун дар он ҷо кам аст, дар панҷ сол як бор гузаронда мешавад.
Ӯ таъкид кард, ки меъёри қонуни мазкур дар бораи санҷишҳои ғайринақшавӣ, ки то 10 дарсад муайян шудаанд, аз соли 2018 мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки вакилони парлумон дар ҷаласаи гузашта лоиҳаи қонун дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидориро барои нофаҳмиҳо дар чанд модда барои баррасии бештар баргардонданд.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошта буд, ки қонуни мазкур коҳиши теъдоди санҷишҳо ва мақомоти санҷишкунандаро пешбинӣ мекунад. Ӯ таъкид кард, ки феълан дар Тоҷикистон 137 мақоми санҷишӣ фаъолият доранд, ки ин аз ҳад зиёд аст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ин робита изҳор дошт, ки яке масоили мушкилзою безобиткунанда барои субъектҳои хоҷагидорӣ санҷишҳори такрории мақомот мебошад. Ӯ хост, ки ин масъала зери назорат қарор дода шавад.