Назарпурсӣ: Чаро Керрӣ аз “Роғун” нею аз манбаҳои алтернативии энергия суҳбат кард?
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон роҳи ҳалли мушкили камбуди барқашро дар бунёди нерӯгоҳи “Роғун” мебинад, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз манобеи алтернативии энергия суҳбат кард. Керрӣ бо зикри ихтилофҳо бо Узбакистон зарурати истифодаи манобеи гуногуни энергияро таъкид кард, то Тоҷикистон давоми 5 соли оянда ҳам талаботи дохилӣ ва ҳам Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон”аз коршиносон пурсид, ки чаро Ҷон Керрӣ аз «Роғун” нею аз сарчашмаҳои алтернативии барқ суҳбат кард?
Абдулло Ашуров, шореҳи масоили иқтисодӣ
Барои Амрико Тошканд калиди Осиёи Миёна буд ва мемонад. Бинобар ин Амрико дар масъалаи обу энержӣ ҳатаман бо назардошти манофеи Тошканд амал мекунад. Бо назардошти ин нукта мешавад гуфт, ки аз Амрико кумак дар марвиди сохтмони “Роғун”-ро набояд интизор шуд. Амрико агар кумак низ кунад барои сохтмони нерӯгоҳҳои оби барқии хурдтари дигар кумак мекунад ва ё барои нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ.
Абдуманнон Шералиев, коршинос
Ин ҳам як "пирӯзӣ" - и дипломатияи тоҷик аст. Чаро Ҷопон бо Туркманистон ба маблағи 18 миллиард $ бо Узбакистон 8 миллиард $ шартномаҳои ҳамкориву сармоягузорӣ имзо кард, аммо бо Тоҷикистон ҳамагӣ чандсад миллион ва он ҳам кӯмаки бебозгашт барои масалан мубориза бо малах? Ҷопон тоҷиконро хуш надорад? На, Ҷопон ҳеҷ фарқе байни кишварҳо намегузорад, барои онҳо муҳим тиҷорат ва мавқеъ аст, аммо ин ҳукуматҳоянд, ки бояд ҷопониҳоро бовар кунонанд, ки сармояи воридкардаашон фоида хоҳад овард. Вақте мардак бо 50 миллиард вориди кишвар шуд ва шумо аз малах шикоят кардед, у бояд чӣ кор кунад? Дар ҳоле ки шумо боз панҷ рақиби дигар ҳам доред, ки ба ин 50 миллиард чашм дӯхтаанд. Керрӣ ҳатман аз “Роғун” мегуфт, агар дипломатҳои тоҷик мутмаъинаш мекарданд, ки “Роғун” на танҳо ба Тоҷикистону минтақа, ҳатто ба Амрико фоида дорад. Аммо шояд барои касе малах муҳимтар аз “Роғун” будааст.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгар
Ман гумон мекунам, ки дар ин шабу рӯз чунин посухро на танҳо аз Ҷон Керрӣ, балки аз ҳар як меҳмони дигар метавон интизор шуд. Сохтмони НОБ-и “Роғун” кайҳо аз мушкили иқтисодӣ ба мушкили сиёсӣ табдил ёфтааст ва мо ҳама инро медонем (шояд баъзеҳо эътироф кардан нахоҳанд, вале воқеият чунин аст). Ва Узбакистон дар ин “баҳси сиёсӣ” алҳол ғолиб омада истодааст. Минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯзҳо ба яке аз манотиқи муҳими (агарчанде ноором бошад ҳам) дунё табдил ёфтааст, ки бозингарони асосӣ (Амрико, Хитой, Русия ва Эрон) мехоҳанд нуфузи худро дар он зиёд кунанд. Вале ин “бозингарон” ҳангоми пешбурди манфиатҳои худ ҳатман нуфузи кишварҳои Осиёи Миёнаро ба назар мегиранд, то муайян кунанд, ки бо кадоме аз онҳо “дӯстии” бештар дошта бошанду ба кадоме камтар аҳамият диҳанд. Мусаллам аст, ки Узбакистон дар минтақаи ОМ аз бонуфузтарин кишварҳо маҳсуб мешаваду (чӣ аз назари ҷуғрофӣ ва чӣ аз иқтисодиву ҳарбӣ) вазъи минтақа бештар ба вазъияти ин кишвар бастагӣ дорад. Ва табиист, ки Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида, агарчанде аз аҳамияти НОБ-и “Роғун” барои Тоҷикистон огоҳ аст, ҳангоми гуфтушунид бо ҷаноби Раҳмон (бо назрдошти мавқеи Узбакистон дар ин масъала) ин масъаларо матраҳ накард ва ба ҷои он “сарчашмаҳои алтернативӣ” гуфт. Ин “сарчашмаҳои алтернативӣ” кадом ҳастанд? Ба андешаи ман, боз ҳам ҳамон неругоҳҳои обӣ, вале бо баландии камтар ва бо теъдоди зиёдтар, ки дар маҷмӯъ ҳамон миқдори барқ истеҳсол мекунанд, ки “Роғун” бояд кунад. Ман гумон намекунам, ки касе дар Тоҷикистон хоҳиши сохтани неругоҳи атомӣ (он чӣ мо аз Ҷопон хостем) ва ё бодӣ ва ё дигар намуди онро дошта бошад, чун ҳамаи онҳо аз назари иқтисодӣ гаронбаҳоанд. Вале як чизи дигарро набояд фаромӯш кард: ҳар чӣ қадаре, ки Ҷон Керрӣ ва дигар сиёсатмадорони ғарбӣ дар мавзӯи инвеститсияҳои “эҳтимолӣ” ваъда надиҳанд, ҳеҷ кадоме аз ин ваъдаҳо амалӣ наҳоҳанд гашт, чун Ғарб ин Русия ва ё Хитой нест, ки тавонад лоиҳаҳои иқтисодии “сиёсӣ”-ро дар чунин кишварҳои, аз назари Ғарб “автократӣ” ба мисли Тоҷикистон амалӣ созад. Барои маблағгузорӣ Ғарб талаботи худро дорад: таъмини озодиҳои асосӣ, барҳам додани коррупсия, осон кардани шароити соҳибкорӣ, сиёсати дурусти андозбандӣ ва ғайра. Яъне, ҳама он чизе, ки Тоҷикистон, мутаассифона, (боз ҳам аз рӯи меъёрҳои ғарбӣ) имрӯз надорад. Бинобар ин, Тоҷикистонро зарур аст, ки “ба умеди Худо шаваду, вале буттаро маҳкамтар дорад”.
Алим ШЕРЗАМОНОВ, коршинос
Аз нигоҳи ман ин нишонгари он аст, ки Амрико намехоҳад ба ҳайси довар дар байни Узбекистону Тоҷикистон бошад ва илова бар ин нишон дод, ки дар Осиёи Миёна Амрико муносибаташро бо Узбекистон авлотар медонад. Ғайр аз ин ман нисбати ин ташрифи Керрӣ нисбати ягон масъалаи доғи рӯзи Тоҷикистон хушбин набудам. Дар сиёсати хориҷии Амрико Осиёи Миёна дар маҷмӯъ ва Тоҷикистон дар алоҳидагӣ аз авлавиятҳо шумурда намешаванд. Ба гуфи тоҷикон, гуш карду рафт.
Сироҷов Ҳафиз, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Ҳукумати Амрико қаблан мухолифаташро алайҳи садду обанбборҳои бузург дар сартосари ҷаҳон эълон карда буд. Фикр мекунам, дар мавриди “Роғун”- и Тоҷикистон низ Амрико бар ин мавқеаш устувор аст ва ба ҷои «Роғун» таъмини барқ аз ҳисоби манобеи дигар ё нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва миёнаро авлотар медонад.