Хушвахтов санҷиши оташнишонҳоро “саргарангкунӣ” хонда, муҳрашонро кандаст
Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон аз саркашии бархе аз соҳибони корхонаҳо шикоят дорад, ки санҷишҳои нозирони ин ниҳод ва талаботи зиддисӯхториро нодида мегиранд.
Ин ниҳод аз ҷумла Резвон Хушвахтов, соҳиби корхонаи истеҳсоли хишти «Аҳмадҷон» воқеъ дар деҳаи Тезгари поёни ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакиро мисол овардааст, ки кори нозирони оташнишониро саргарангкунӣ хонда, аз иҷрои талаботашон саркашӣ кардааст: “Дар пайи санҷиш дар ин корхона нозирон нисбати соҳибмулк барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 800 сомонӣ ҷарима татбиқ карда буданд. Аммо сарвари корхона ин санҷишҳои зидди сӯхториро як навъ саргарангкунӣ ҳисобида, иҷроиши талаботи амрномаи додашударо рад кардааст”.
Хадамоти оташнишонӣ афзуд, ки инчунин соҳибкори мазкур муҳри оташнишонро, ки ба дари хобгоҳ ва ҳуҷраҳои кории корхона зада шуд, худсарона кандааст.
Ин қазия дар ҳолест, ки бархе аз соҳибкорҳо дар Тоҷикистон аз санҷишҳои зиёд шикоят доранд. Феълан тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар кишвар 137 мақоми санҷишӣ вуҷуд доранд, ки аз ҳад зиёд арзёбӣ мешавад.