Задухӯрди мусаллаҳонаи қочоқчиёни афғон бо марзбонҳои тоҷик
Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз бархӯрди мусаллаҳонаи қочоқчиёни афғон бо марзбонони тоҷик хабар дод, ки соати 1:00-и шаби 2 ба 3 ноябр рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод як гуруҳ қочоқчиёни афғон сарҳадро убур карда, бо марзбонони тоҷики отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» рӯбарӯ шудаанд: “Дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён омад ва қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ба самти Афғонистон фирор намуданд”.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тахминан 20 кило чарс ва 1,5 кило героин дарёфт ва мусодира шуд: “ Ҳоло тафтиши ин қазия идома дорад”.