Адвокат таҳдиди худкушии Зарафо Раҳмониро рад кард
Ситора Азизова, вакили дифои Зарафо Раҳмонӣ, узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, гузоришҳо дар мавриди бадрафторӣ нисбати зерҳимояаш ва таҳдиди худкушии ӯро беасос хонд.
Азизова имрӯз, 3 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гузоришҳо аз қавли созмонҳои байналмилалиро, ки гӯиё Зарафо мавриди бадрафторӣ қарор гирифтаасту таҳдиди худкушӣ дорад, беасос хонд: “Ман аз соати 10-и субҳ то ҳозир дар назди Зарафо будам. Ман худам бо сардори боздоштгоҳ суҳбат кардам ва он кас гуфтанд, ки ӯро хуб нигоҳубин мекунанд. Танҳо ӯ аз дурии фарзандонаш шикоят мекунад. Қалбаш низ қаблан бемор будааст. Пагоҳ Зарафо бо хоҳараш вохӯрӣ дорад”.
Вакили дифоъ мегӯяд феълан тафтишот идома дорад ва бегуноҳии зерҳимояаш исбот шуда истодааст.
Ахиран аз қавли созмонҳои байналмилалӣ бо такя ба хоҳари Зарафо Раҳмонӣ дар интернет аз бадрафторӣ нисбати боздоштшуда ва таҳдиди худкушии ӯ хабарҳо паҳн гардиданд.
Зарафо Раҳмонӣ аввалҳои моҳи октябр дар қатори 23 раҳбар ва аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт гардид. Дар иттилоия Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта шуд, ки алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Боздошти аъзои ҲНИТ дар пайи амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири мудофиа, ки ҳамчун “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф буд, сурат гирифт. 25 сентябр Додситонии кулл дар як баёнияи расмӣ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо “Ҳоҷӣ Ҳалим” муттаҳам намуд ва ба дунболи боздошти аъзои Раёсати олии ҳизб Додгоҳи олӣ ҳизбро террористӣ эълон намуда, фаъолияташро манъ кард.