Тоҷикистон: “Эйр Манас” ҳаққи парвози чартерӣ ба Душанберо дорад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ширкати "Эйр Манас"-и Қирғизистон дар як ҳафта ҳаққи як парвози чартерӣ дар хатсайри "Бишкек-Душанбе"-ро дорад.
Тибқи иттилои ин ниҳод дархости ҷониби Қирғизистон барои анҷом додани парвозҳои мунтазам аз сӯи ширкати "Эйр Манас" дар хатсайри Душанбе-Бишкек низ мавриди баррасӣ қарор дорад ва хулосаи ниҳоӣ ҳанӯз ироа нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Сталбек Шершеев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш изҳор доштааст, ки феълан ба Душанбе танҳо як ширкати қирғизӣ парвозҳоро анҷом медиҳад: “Ин самт миёни шаҳрвандон талабот дорад ва бинобар ин як ширкати дигари ҳавопаймоии Қирғизистон, “Эйр Манас” хост, парвозҳоро ба Душанбе анҷом диҳад”.
Ба гуфтаи Шершеев ба Тоҷикистон дархост равон кардаанд, ки боз як ширкати қирғизӣ хостори парвозҳо ба Душанбе аст: “Аммо мақомоти ҳавоии Тоҷикистон бидуни шарҳ барои парвози ширкати дуюми Қирғизистон иҷоза надоданд”.
Ин масъули Қирғизистон афзудааст, ки барои муайян кардани сабаби ради дархост бо намояндагони Тоҷикистон аллакай мулоқот таъин шудааст.