Боздошти ошпази тарабхонаи Хоруғ
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ошпази тарабхона дар шаҳри Хоруғро боздошт намудааст.
Тибқи иттилои раёсати Агентӣ дар ВМКБ ошпази тарабхона дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муттаҳам мешавад. Манбаъ мегӯяд, “дар ҳузури одамони холис аз кисаи шими ошпаз се қуттичаи пластикӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он героин ва афюн мавҷуд буд”.
Раёсати Агентӣ таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, амалиёт барои муайян кардани сарчашмаи маводи нашъаовар идома дорад.