Мақоми 91-и Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои рушдёбанда
Маркази таҳлилии Legatum Institute-и Бритониё дар гузориши солонааш Legatum Prosperity Index Тоҷикистонро аз нигоҳи рушд миёни 142 кишвари дунё дар зинаи 91 қарор додааст.
Тибқи ин гузориш Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои рушдкунандаи ҷаҳон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама охирро касб кардааст: “Дар раддабандӣ Қазоқистон дар ҷои 56, Қирғизистон 66 ва Узбакистон дар мақоми 57 ҷой гирифтаанд”.
Гузоришгарон барои муайян кардани мизони рушд ва имкониятҳо дар кишвар ба ҳашт бахш - иқтисод, соҳибкорӣ, идорасозӣ, маориф, тандурустӣ, амният, озодӣ ва сармояи иҷтимоӣ баҳо додаанд.
Аз миёни кишварҳои дигари пасошӯравӣ натиҷаи нисбатан беҳтарро кишварҳои Балтик -- Эстония (ҷои 31), Латвия (40) ва Литва (41) нишон додаанд. Русия зинаи 58-и рейтинг, Украина мақоми 70, Беларус 63 ва Молдова ҷои 92-ро муаррифӣ мекунанд.
Раддабандии мазкур 142 кишварро дар бар гирифта мақоми аз ҳама охирро Бурундӣ, Чад, Гаити, Афғонистон ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва аз ҳама пешро Норвегия, Швейтсария ва Дания соҳиб шудаанд.