Бархӯрди мусофирбар бо “Дулан” ду куштаю 5 маҷруҳ барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 1 ноябр дар пайи бархӯрди мошини мусофирбари “Мерседес-Спринтер” бо мошини боркаши Дулан дар шоҳроҳи Душанбе-Чанноқ ду нафар ба ҳалокат расида, 5 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи 22-солаи “Дулан”, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи ронанда 44-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бархӯрдааст.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи бархӯрд мусофири “Мерседес”-зани 38-сола аз ноҳияи Шаҳристон дар ҷойи ҳодиса ва марди 41-сола аз ноҳияи Б.Ғафуров ба ҳалокат расидаанд: “5 мусофири дигари “Мерседес” аз ноҳияҳои Ғончӣ, Б. Ғафуров ва шаҳри Истаравшан феълан бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошанд”.