ВКД: Аз дастгоҳи сабткунандаи Занҷонӣ иттилое надорем...(АКС)
Бобак Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ 31 октябр дар мурофиааш дар шӯъбаи 15-и Додгоҳи инқилобии Эрон таҳти раисии додрас Абулқосим Салавотӣ изҳор доштааст, дар Тоҷикистон дастгоҳи пурқуввати электроние дорад, ки пулиси тоҷик аз он истифода мебарад.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ Занҷонӣ изҳор доштааст, ки ин дастгоҳи мазкур серверҳои нерӯманди зеризаминӣ дошта, тавони сабти муколамаҳоро дорад. Ӯ ҳушдор додааст, ки агар зарур ояд, муколамоти мақомоти эрониро фош хоҳад кард: “Агар ин муколамотро гӯш бидиҳед, хиҷолат мекашед”.
Занҷонӣ ҷузъиёти ин муколамот ва тафсилоти бештареро дар бораи дастгоҳаш дар Тоҷикистон нагуфтааст.
Аммо аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” иддаои Занҷониро бепоя хонда, афзуданд, ки дар бораи чунин дастгоҳ бори аввал мешунаванд.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист.
Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонд.