Э.Раҳмон ба Путин: Садамаи мудҳиш моро ба изтироб овард...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба садамаи ҳавопаймои мусофирбари Русия дар Миср ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барқияи тасаллият ирсол намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор доштааст, ки садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Синай, ки боиси марги беш аз дусад нафар, аз ҷумла кӯдакон гардид, ӯро ба изтироб овардааст: “Дар ин соатҳои ҳазин, аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон дар робита ба ин фоҷеа ба роҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед”.
Рӯзи 31 октябр ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа" –Русия бо 217 мусофир, аз ҷумла 25 кӯдак ва 7 сарнишин баъди 23 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шудааст. Тибқи иттилои мақомоти амниятии Миср ҳавопаймои мазкур, ки дар роҳ ба Санкт Петербург қарор дошт, комилан нобуд шуда, ҳамаи мусофирони он ба ҳалокат раисдаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса сокинони шаҳри Санкт-Петербург мебошанд.
Бархе аз сокинони Тоҷикистон 1 ноябр барои изҳори ҳамдардӣ дар назди сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён дар назди сафорат гул гузошта, шамъ афрӯхтанд.