Садамаи маргбор бо иштироки “ронанда”-и 4-сола дар Рӯдакӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сонеҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки дар натиҷаи пушти чанбарак нишастани писарбачаи 4-сола рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 31 октябр, сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ мошини “Хундай-страрекс”-ашро дар назди хонааш бе назорат гузоштааст: “Дар натиҷа ҷияни 4-солааш вориди мошин шуда, муҳаррикро ба ҳаракат дароварда, бародари яксолаашро зер кардааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар пайи ин нохӯшӣ кӯдаки яксола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.