Ҳукумат иҷорапулии оилаҳои зарардида аз зилзиларо медиҳад
Ҳукумати вилояти Бадахшон муайян кардааст, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 26-уми октябр 40 хонаи истиқоматӣ, як мактаб, як нерӯгоҳ ва қисми низомӣ осеб дидаанд.
Тавре аз ҳукумати Бадахшон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 9 хона пурра, 31 хона қисман хароб гаштаанд: “Дар баробари хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Ишкошим, инчунин бинои мактаби рақами 42, бинои неругоҳи барқи обии Намадгут ва қисми низомӣ зарар дидааст”.
Мақомоти Бадахшон мегӯянд, барои барқарор кардани хонаҳои зарардида аз ҷониби Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардидааст, вале бинобар сардии ҳаво, бунёди хонаҳое, ки пурра хароб шудаанд, то фасли баҳор мавқуф гузошта шуд. Манбаъ таъкид намуд, оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра зарар дидаанд то бунёди манзилҳои нав дар хонаҳои иҷора ҷой дода мешаванд ва иҷорапулиро пурра ҳукумати вилоят пардохт мекунад.