Баҳси марги Умаралӣ дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Медведев: Гунаҳкорон муҷозот шаванд, то дӯстӣ халалдор нагардад...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-октябр дар мулоқот бо Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия дар баробари масоили дигар аз ҷумла марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷикро дар Санкт Петербург ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар мулоқот аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия, ки боиси марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санк-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд: “Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”, - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ раиси Ҳукумати Русия изҳор дошт, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.
Марги мармузи Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеа вокуниши шадид ба вуҷуд овард.
Дар баробари ин қазия дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Медведев густариши нооромиҳо дар шимоли Афғонистон ва татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону дастгирии техникии нерӯҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст: “Баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати Газпроми Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти нерӯгоҳи обии Сантӯда-1 ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд”- иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.