Оқохони IV ва Амрико барои “ДОМ”-и Хоруғ 94,4 млн $ харҷ мекунанд
Бунёди Оқохон ва Корпоратсияи сармоягузориҳои хусусии хориҷии назди ҳукумати Амрико-“OPIC” барои бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ-“ДОМ” дар Хоруғ 94,4 миллион доллари амрикоӣ сарф хоҳанд кард.
Дар ин бора Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо пахши як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки дар баробари 64,4 миллион доллари Бунёди Оқохон инчунин “OPIC” барои бунёди бахши “ДОМ” дар Хоруғ 30 миллион доллари дигар ҷудо намудааст.
Ба иттилои манбаъ феълан сохтмон дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ бо суръат идома дошта, ифтитоҳи он моҳи сентябри соли 2017 дар назар аст: “Дар марҳилаи аввал “ДОМ” дар Хоруғ бинои таълимии сеошёнаро дар бар мегирад, ки масоҳаташ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад”.
Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа хоҳад буд. Ифтитоҳи бахши “ДОМ” дар Нарини Қирғизистон сентябри соли 2016 ва дар Қазоқистон соли 2019 дар назар аст.