Тими «Манчестер Ситӣ» дар даври 9-уми мусобиқоти Англия дастаи «Манчестер Юнайтед»-ро «торумор» кард.
Ин бозии марказӣ, ки дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Лондон сурат пазируфт, ба қавли шореҳони варзиш сабқати ҳалкунандаи давр буд. Тибқи иттилои расонаҳои ғарбӣ, бозигарони «Ситӣ» -Марио Балотеллӣ ва Эдин Ҷеко ду тубӣ ба самар расонида, қаҳрамони бозӣ шинохта шуданд. Балотеллӣ, ки рӯзи шанбе дар манзили зисташ оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваста буд, дар дақиқаҳои 22-юм ва 60-ум шаҳди «гол»-ро ба «МЮ» чашонд. Ба ҷуз ин, Ҷоннӣ Эванс, муҳофизатгари «МЮ» барои рафтори дағалонааш, ки бо Балотеллӣ раво дид, корти сурх гирифта, майдонро тарк кард. Ҷеко дар дақиқаҳои 90 ва 93, Давид Силва дар дақиқаи 91-ум муаллифони голҳо гаштанд. Ин бозӣ бо ҳисоби 6:1 ба нафъи тими «Манчестер Ситӣ» анҷом пазируфт.
Гуфта мешавад, «МЮ» аз соли 1955 ба ин сӯ дар бозиҳои хонагӣ бо чунин ҳисоби калон шикаст нахӯрда буд. «Арсенал»-и Лондон дар майдони худ «Сток Ситӣ»-ро бо натиҷаи 3:1 мағлуб кард. «Эвертон»-и Ливерпул ҳам дар сафар дар шаҳри Лондон «Фулхэм»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ҳамин тавр, «Манчестер Ситӣ» дар 9 бозӣ 25 имтиёз ба даст оварда, зинаи аввали мусобиқоти премйер-лигаи Англияро соҳиб аст. «МЮ» бо 20 хол дар ҷойи дуввум ва «Челсӣ»-и Роман Абрамовичи рус 19 имтиёз дар мақоми севвум қарор дорад.{jathumbnail off}