Ҳалокати ноболиғи 7-сола, ки зери чархи “Опел-Астра” монд
Як сокини 7-солаи ноҳияи Ҳисор зери чархи сабукрави “Опел-Астра” монда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ин ҳодиса 28 октябр ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, ронандаи мошин, марди 21-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳия аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, писарбачаи хурдсоли 7-солаи сокини деҳаи Арбобиро пахш намудааст: “Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.