Вакилон аз мошини хидматӣ ва ҳаққи дахлнопазирӣ даст кашидаанд
Намояндагони Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон тасмим гирифтаанд, аз мошини хидматӣ ва ҳаққи дахлнопазирӣ даст бикашанд.
Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ин тасмим имрӯз, 28 октябр дар ҷаласаи ҳизб гирифта шудааст. Афзун бар ин, намояндаҳои ҳизби ҳокими парлумон аз яке аз ду ёвари худ даст кашидаанд.
Имрӯз вакилони даъвати 6-уми парлумони Қирғизистон савганд ёд кардаанд.