Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Милош Земан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи шодбошӣ ҳамтои чехаш Милош Земанро ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии Чехия табрик кардааст.
Тавре дафтари матбуотии раисиҷумҳур хабар медиҳад, дар номаи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Ҷаноби Олӣ, боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Чехияро ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям”.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосаи Тоҷикистонро барои густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо бо Чехия дар соҳаҳои мухталиф изҳор дошта, гуфтааст, тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардумони ду кишвари дӯст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд. Президенти кишвар умед бар он бастааст, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар густариши тоза касб хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар охири номаи табрикотиаш ба Милош Земан , хушбахтиву саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Чехия хушрӯзӣ ва саодат таманно кардааст.