Изҳороти ВКД-и Тоҷикистон дар бораи марги Умаралии 5 моҳа
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт Петербург бо ВКД-и Русия ҳамкорӣ дорад.
Ин ниҳод, имрӯз, 28 октябр бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки “марги шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Умаралӣ Рустамович, соли таваллудаш 20.05.с.2015, ки рӯзи 14.10.с.2015 ба ҳалокат расида буд, бозтоби калони ҷамъиятӣ гирифтааст”.
ВКД қайд кардааст, ки аз ҷониби Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия ҳолати фавти Назаров Умаралӣ муоина карда шуда, оид ба ҳодисаи мазкур мутобиқи қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, модаҳои 140, 145 ва 146 (147) ва қисми якуми моддаи 156 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ таҳти №387641 аз 20.10.с.2015 оғоз гардида, тафтишот идома дорад: “Хотиррасон менамоем, ки Назаров У. 13-уми октябри соли 2015, соати 14:15-дақиқа аз шӯъбаи политсияи РВКД Россия оид ба ноҳияи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург ба Маркази тиббӣ ва эҳёгарии иҷтимоии кӯдакони ба номи В.В.Симбалина фиристода шуда, 14-уми октябри соли 2015, соати 00:30-дақиқа, аз рӯи хулосаи тиббӣ аз вируси шадиди респиратории сироятӣ фавтидааст”.
ВКД-и Тоҷикистон таъкид мекунад, ки намояндагиаш дар Русия ва муовини директори Бюрои мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил “БМЗҶМ”, генерал-майори милитсия Азизов А.К., аз ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ мунтазам огоҳ аст.