Пажуҳиш: Гаштугузори шабона дар Тоҷикистон дар даҳгонаи бехавфтаринҳост
Тоҷикистон ба феҳрасти 10 кишвари дунё, ки гаштугузори шабона дар он хавфнок нест, шомил шудааст.
Ин феҳрастро Маркази таҳлилии “Gallup” дар пайи як назарпурсӣ тартиб додааст. Дар ин назарсанҷӣ, ки барои муайян кардани ҳолати бехатарии гаштугузори шабона анҷом шудааст, 142 ҳазор нафар аз 141 кишвар пурсида шудаанд.
Ба иттилои “Gallup”, 83 дарсади пурсидашудаҳо аз Тоҷикистон гаштугузори шабонаро бехатар арзёбӣ кардаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳои бехатар дар баробари Тоҷикистон инчунин Сингапур, Ҳонконг, Норвегия. Арманистон, Испания, Руанда, Индонезия, Словения ва Австрия шомиланд.
Ба шумори давлатҳое, ки гаштугузори шабона дар онҳо хатарнок аст, Венесуэла, Габон, Конго, Парагвай ва Афғонистон ворид гардидаанд.