Боздошти директори мактаби ронандатайёркунӣ дар Душанбе
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти директори филиали рақами 12-и «Мактаби ронандатаёркунии Душанбе” иттилоъ дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Агентӣ 20 октябри соли ҷорӣ шаҳрванд «Н» ба ин ниҳод муроҷиат карда, арз намудааст, ки Пулод Шарипов, директори мактаби ронандатайёркунӣ барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагӣ аз ӯ маблағи 550 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Манбаъ мегӯяд пас аз як рӯз, 21 октябри соли равон зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Пулод Шарипов ҳангоми гирифтани маблағи 550 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд «Н» дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд.
Агентии зидди фасод афзуд, ки феълан алайҳи Пулод Шарипови 50-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор ба иттиҳоми қасди ҷиноят ва гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.