Деворҳои кафидаи Донишгоҳи Хоруғ ва хонаҳо: Пайомади зилзила дар Бадахшон
Дӯсталӣ Худоёров, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар Бадахшон, мегӯяд, дар пайи заминларзаи охир девори Донишгоҳи Хоруғ ва бархе аз хонаҳои истиқоматӣ кафидаанд.
Ӯ изҳор дошт, ки феълан барои дақиқ кардани хисороти заминларза корҳо идома доранд.
Дар ҳамин ҳол Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки талафоти ҷонӣ дар пайи заминларзаи 26 октябр ба қайд гирифта нашудааст ва феълан дақиқсозии хисороти моддӣ дар Тоҷикистон идома доранд.
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон, имрӯз, соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе дар қаламрави Афғонистон, дар 64 километрии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон заминларза бо иқтидори 7,5-7,7 балро ба қайд гирифтаанд.
Аммо Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, маркази заминларза дар 350 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар қаламрави Афғонистон рух дода, иқтидораш дар марказ 6-7 бал ва шаҳри Душанбе 5-6 балро ташкил дод.