Бештар аз 200 нафар дар шарқи Туркия бар асари заминҷунбӣ ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои расида, шиддати зилзила дар маркази он ба 7,2 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар будааст. Вазири корҳои дохилии Туркия- Идрис Наим Шаҳим гуфтааст, шумораи кушташудагон дар шаҳраки Эрҷис ба 117 ва дар шаҳри Вон ба 100 нафар расидааст. Шаҳри Вон маркази вилояти Вон аст ва дар он як миллион нафар аҳолӣ ба сар мебарад. Иттилои расмӣ ҳокӣ бар он аст, ки теъдоди ҷароҳатбардоштагон марзи беш аз 1000 нафарро убур кардааст. Дар пайи зилзилаи мазкур, ки шаби гузашта ба вуқӯъ пайваст, биноҳои истиқоматӣ ва идораҳои мухталиф фурӯ рафта, тамоми шаб дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон кор кардаанд. Ба гуфти мақомот айни ҳол дар зери биноҳои фурӯрафта одамон ҳастанд
Гуфтанист, иртиботи телефонӣ ва ҳар навъи тамос дар ин шаҳрҳо аз байн рафта, кишварҳои Чину Ҷопон, Амрико ва Озарбойҷону ва чанд давлати аврупоӣ омодагии худро барои расонидани кӯмак ба Туркия иброз доштаанд.Раҳбари Арманистон- Серж Саркисян, ки ҳудуди 100 соли ахир бо Туркия хусумати қавмӣ дорад, унвонии президенти ин кишвар барқияи таслият ирсол кардааст.{jathumbnail off}