Дар фавти кӯдаки яксола модарашро гунаҳкор медонанд
Як зани 28-сола аз шаҳри Турсунзода дар зарбу лати кӯдакаш, ки ба марги ӯ сабаб шудааст, муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 24 октябри соли равон тахминан соати 17:30 зани шахсияташ номаълум ба беморхонаи “Насл”, воқеъ дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе писарчаи 1-солаи худро барои муоина назди духтур овардааст: “Ҳангоми муоинаи духтур муайян карда шуд, ки кӯдакаш вафот кардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия модари кӯдаки фавтида, зани 28-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир гардид”.
Ба иттилои манбаъ, муайян шуда, ки кӯдак дар натиҷаи аз сӯи модар лату кӯб шудан ба ҳалокат расидааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.