Аёдати кормандони ОМОН, ки дар амалиёти зидди гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” захм бардоштаанд
Бо дастури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳайате иборат аз кормандони дастгоҳи марказии вазорат ба аёдати кормандони Дастаи таъиноти махсус, ки дар пайи амалиёти зидди гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа ва маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” маҷруҳ шудаанд, рафтаанд.
Тавре аз ВУД иттилоъ доданд, ин ҳайатро Ализода Анварҷон Ҷума, роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ раҳбарӣ кардааст: “Ҳангоми суҳбат бо корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ капитани милитсия Дилшод Зокиров зикр гардид, ки вазъи саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти назорати бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода қарор дошта, нисбати онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад”.
Амалиёти зидди гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” баъди ҳамлаҳои 4 сентябр ба ШКД-и ноҳияи Ваҳдат ва дастгоҳи Марказии вазорати дифоъ шурӯъ гардида, 12 рӯз идома кард. 16 сентябр мақомот расман хабар доданд, ки Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз ҷонибдоронаш дар дараи Ромит кушта шуданд.