Сафири Русия: Нооромии вазъ дар Афғонистон ба таъмини амнияти Тоҷикистон таъсир дорад
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта, авзои сиёсӣ-низомӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, рӯ ба таназзул овардааст.
Ӯ дар як мусоҳиба бо хабаргузории “РИА-Новости” гуфта, онҳо аз Тоҷикистон вазъияти он сӯи дарёи Панҷро бо таваҷҷуҳ пайгирӣ мекунанд. Ба қавли Фролов, авзои сиёсӣ-низомӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон рӯ ба таназзул овардааст. Ӯ суқути Кундуз ба дасти Толибонро мисоли рӯшани ин вазъият донистааст. Ба ҳисоби ин дипломати рус, 3,5 ҳазор ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” дар 25-30 вилояти Афғонистон фаъолият мекунанд: “Идеологияи ҷиҳодии оштинопазир, амалиётҳои ҳарбии муваффақ дар Ховари Миёна ва захираҳои молии қобили таваҷҷуҳ аз далелҳое ҳастанд, ки ҷавононро дар Афғонистон ба сафи ДИИШ мепайванданд. Аз рӯи бархе хабарҳо маош дар “Давлати исломӣ” ду баробар аз Толибон бештар аст”.
Сафири Русия дар бораи равобити “Давлати исломӣ” ва Толибон гуфта, онҳо ҳамчун рақиб бо ҳам менигаранд: “Толибон гуруҳи миллии афғонӣ ҳастанд, аммо “Давлати исломӣ”-ро ҳамчун гуруҳи байналмилалии террористӣ мешиносанд”. Ба қавли Фролов, ин ду гуруҳ барои қудратталабӣ дар Афғонистон бо ҳам рақобат мекунанд. Онҳо сохтори давлатро дар оянда гуногун мебинанд: "Агар Толибон мехоҳанд танҳо дар ҷуғрофиёи сиёсии Афғонистон тасаллут дошта бошанд, ДИИШ ин кишварро қисмате аз “Хуросон” мебинад, ки дар ҳайати он Эрон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва Бангладеш дохил мешаванд. Имрӯз нишонаҳои ваҳдати Толибон ва ДИИШ ба назар намерасад”.
Ба иддаои Игор Лякин-Фролов, нооромии вазъ дар Афғонистон ба таъмини амнияти Тоҷикистон ва дар умум ба Осиёи Миёна таъсир дорад: “Ин мушкил дар мавзӯи гуфтугӯи раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон буд”.
Сафири Русия бо сароҳат таъкид кардааст, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш дар НАТО ба муддати 14 сол дар анҷом додани рисолати худ шикаст хурданд. “Имрӯз касе дар бораи ғолиб омадан бар Толибон аз роҳи низомӣ сухан намекунад. Бо дарназардошти “дастовардҳо”-и НАТО тӯли солҳои зиёд баҳо додан ба имконияти муқовимат бо Толибон ва ДИИШ мушкил аст”,-афзудааст ӯ.