Дидори Бузургмеҳр бо модараш баъди 25 рӯз
Ҳуринисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, баъди 25 рӯзи боздошт ба ӯ иҷозаи мулоқот бо писарашро доданд.
Хонум Исҳоқова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзи ҷумъаи 23 октябр бо Бузургмеҳр дидор дошт. Ӯ мегӯяд, ҳолати писараш хуб буда, аз чизе шикоят накард: “Муфаттишон ба мо занг зада, гуфтанд, биёед бо фарзандатон вохӯрӣ кунед. Пас аз 25 рӯз билохира писарамро дидам”.
Ба гуфтаи модари вакили боздоштшуда, вақте аз кормандони боздоштгоҳ пурсид, ки чаро то ин вақт иҷозаи мулоқот бо писарашро надошт, ҷавоб додаанд, “баъзе ҳуҷҷатҳояш муҳр надошт”.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сантябри соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Вазорати умури дохилӣ баъдан эълон кард, Ёров дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Боздошти ин вакили дифоъ дар ҳоле сурат гирифт, ки дар мавриди азмаш барои таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод.