Андуҳи сахти Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокати солмандон дар Фаронса
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияе унвонии ҳамтои фаронсавияш Франсуа Жерар Жорж Олланд аз фавти даҳҳо солманди он кишвар дар пайи садамаи нақлиётӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта мешавад: “Аз хабари бархӯрди автобуси мусофиркаш бо мошини боркаш дар наздикии шаҳри Либурни Ҷумҳурии Фаронса, ки боиси талафоти даҳҳо нафар шаҳрванди Фаронса гардид, сахт андуҳгин гардидам. Ба Шумо тасаллияти амиқ изҳор намуда, хоҳиш менамоям, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед”.
Бино ба хабарҳои расида, дар натиҷаи ин садама, ки рӯзи гузашта ба вуқӯъ пайвастааст, 49 нафар ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, аснои бархӯрд ҳарду автомобил оташ гирифтаанд. Баъд аз соли 1982 ин бузургтарин садамаи нақлиётӣ дар Фаронса аст, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт.