Борис Вишневский дар бораи Умаралии 5-моҳа: Ин “беэҳтиётӣ” нест, куштор аст
Борис Вишневский, намояндаи Маҷлиси қонунгузори шаҳри Санкт-Петербург аз ҷиноҳи “Яблоко”, марги Умаралӣ, кӯдаки 5-моҳаи тоҷикро куштор унвон кардааст.
Ин вакили пойтахти шимолии Русия ҷудо кардани кӯдаки ширмакро аз модар “ҷинояти ваҳшатнок бераҳмона” хонда гуфтааст, “ҳақ надоштанд, ки навзодро аз модар ҷудо кунанд. Агар ӯ ба кумаки тиббӣ ниёз дошт бояд бо модараш бистарӣ мешуд. Ин ки дар он замон бояд модараш ба дасти додгоҳ супурда мешуд, ғайриинсонӣ аст. Наход додгоҳ мунтазир намемонд?”
Ба гуфтаи Борис Вишневский, “ҳамкорони мо аз нашрияи “Новая газета” менависанд, пулис навзодро ба бозрасии афроди ноболиғ супурдаанд. Бар асоси кадом модда? Оё кӯдаки ширхор як муҷрими мустақил аст?”
Намояндаи ҳизби "Яблоко" дар идома афзуда, мушоҳида мекунад, ки гунаҳкоронро аз ҷавобгарӣ дур мекунанд: “Бештар аз ин талош мекунанд бахше аз гуноҳро аз рӯи моддаи 156-уми Русия “иҷро накардани уҳдадорӣ дар тарбияти ноболиғ” ба гардани волидони Умар бор кунанд”.
Ҷаноби Вишневский бар ин бовар аст, ки дар ин қазия бояд парвандаи дигар ҳам боз шавад. “Ба назари ман, инҷо на моддаи 109-и кодекси ҷиноятии Русия -- "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан", балки моддаи 111 – "расонидани зарари вазнин ба саломатии навзод", ки 10 сол ҷазои маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст, бояд бошад".
Ӯ таъкид карда, ки ин на “беэҳтиётӣ”, балки куштор аст, ки бо таҳқир унвонии “сиёҳҳо”, ки дар Русия аз ҳеч ҳаққе бархӯрдон нестанд, анҷом шудааст. Борис Вишневский дар охир ба пайвандони тифли фавтида изҳори таслият кардааст.