Барои аъзои ҳизби коммунист бозии голф, робитаи ҷинсии номашрӯъ ва пурхурӣ манъ шудааст
Ҳукумати Чин бо ворид кардани тағйир дар муқаррароти зидди фасод аъзои Ҳизби коммунистро аз бозии голф, робитаи ҷинсии номашрӯъ ва ифрот дар хурдан маҳрум кардааст.
Ин тасмим идомаи муқарраротест, ки давлати Чин аз моҳи ноябри соли 2012 бо рӯи кор омадани Сӣ Ҷин Пин, раиси ҷумҳури ин кишвар роҳандозӣ карда буд. Раҳбари Чин солҳои гузашта беш аз 50 мавридро барои аъзои Ҳизби коммунист мамнӯъ эълон кард ва ахиран ба ин феҳрист 8 мавриди дигар изофа шудааст, ки бештар ҳаёти ахлоқиро дар бар мегирад. ИнДар муқаррарот гуфта мешавад, иҷрои он барои 77 миллион узви Ҳизби коммунист ҳатмӣ мебошад.